Дархости таҳсили милитсияҳои тоҷик дар Эрон

Апрель 19, 2013 14:02

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, байни ин ду кишвар зиёда аз 90 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ин нуктаро имрӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иброз намуд.Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Эрон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, сохтмон ва хусусан дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла, бар зидди терроризм ва экстремизм изҳори андеша намуд. Инчунин Алиасғари Шеърдӯст дар навбати худ иброз намуд, ки «Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ҳеҷ заминае нест, ки мо дар он ҳамдигарфаҳмӣ надошта бошем. Дар чаҳорчӯби манофеи муштарак, таърих, фарҳанг ва забонамон тараққӣ хоҳад ёфт. Дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ширкати эронӣ номнавис шудааст, ки дар самтҳои гуногун фаъолият менамоянд».Мавсуф зимни табодули афкор аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов даъват ба амал овард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Донишкадаҳои тахассусии Вазорати умури дохилии Эрон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир барои таҳсил фиристонад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.

Апрель 19, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш