Дастрас намудани таҷҳизоти замонавии ФБР

Апрель 24, 2013 15:13

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони Бюрои федералии тафтишотии (ФБР) Амрико фаъолона ба ҷустуҷӯи бедарак гумшудаҳо- ноболиғон Малика Аралова ва Сабина Аралова пайваст шуда, мунтазам ба гуруҳи корие, ки аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомот бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов таъсис дода шудааст, кӯмаки амалию машваратӣ мерасонанд.Инчунин барои кӯмаки техникӣ расонидан Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР) омодагии худро изҳор намуда, таҷҳизоти махсуси криминалистиро, ки дар самти муайян намудани гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, аз Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас менамояд. Дастрас намудани таҷҳизоти техникии замонавӣ аз ҷониби намояндагони Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР), бешубҳа, дар кофтукови гумгаштагони ноболиғ Малика Аралова ва Сабина Аралова мусоидат хоҳад кард.Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад

Апрель 24, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш