Даъват барои хизмат ба Ватан

Апрель 22, 2013 15:32

Ваҳдат, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Имрӯзҳо маъракаи сиёсии хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Соли ҷорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар шаҳри Ваҳдат ин маърака хеле хуб ба роҳ монда шуда ва 150 нафар ҷавони шаҳр ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Раиси ҷамоати Карим Исмоил Ҳусниддин Шарипов иттилоъ дод, ки мувофиқи нақша бояд ҷамоати мазкур 32 нафар ҷавонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ равон мекард ва аз ин шумора 26 нафар бо хоҳиши худ ҳозир шуданд. Дар айни ҳол нақша 81 фоиз иҷро шудааст.

Апрель 22, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш