Деҳлавишиносон дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 9 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Саҳми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ»- таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ бахшида ба 760-солагии шоир ва мутафаккири бузурги форс –Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325) баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ /ЮНЕСКО/ созмон дода мешавад. Шодимуҳаммад Сӯфиев-мудири шуъбаи Эрон ва Афғонистони Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҳамоиш донишмандону муҳаққиқони шинохта аз кишварҳои хориҷӣ, назири Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва соири кишварҳои мушатаркулманофеъ иштирок ва маърӯза менамоянд. Дар конфронс донишмандон доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва осори нотакрори мутафаккири бузурги машриқзамин — Амир Хусрави Деҳлавӣ сухан мегӯянд. Амир Хусрави Деҳлавӣ бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони садаи 12 ва 13-и Ҳиндустон буда, бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар сарзамини Ҳинд тақвият бахшида, дар роҳи густариши минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми беназир гузоштааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






