Директори нави генералии ҶКС «НБО Сангтӯда — 1»

Апрель 4, 2013 11:22

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Бо қарори Шӯрои директорони Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда – 1» Павел Лавров директори нави генералии он таъин гардид. Павел Лавров аз ин пеш мансаби муовини раиси Раёсати сармоягузорӣ ва рушди Ҷамъияти саҳҳомии «Нерӯгоҳи барқи обии Экибастуз» — и Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт. Павел Лавров соли 1998 Донишкадаи давлатии муҳандисию физикии Маскавро аз рӯи ихтисоси физикаи зуҳуроти кинетикӣ ва соли 2008 Донишгоҳи давлатии ба номи Сергей Орҷоникидзеи шаҳри Маскавро аз рӯи ихтисоси менеҷмент хатм кардааст. Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 1» корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, моҳи феврали 2005 мавриди истифода қарор гирифта буд. Қариб 15 фоизи тавлиди нерӯи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» – ро ташкил медиҳад.

Апрель 4, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш