Дониш қудрат аст
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итиллоъ доданд, бо ташаббуси Созмони ҷавонони факултаи забон ва адабиёти рус имрӯз дар толори Маркази русӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир» машварат доир гардид.Дар машварат донишҷӯёни факулта перомуни масъалаҳои нақши донишҷӯён дар пешрафти факулта, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии маънавии донишҷӯён, донишҷӯ ва раванди ҳаводиси сиёсӣ мубодилаи афкор намуданд. Аъзои машварат маҳфили мубоҳисавии донишҷӯёни факултаро бо номи «Дониш қудрат аст» таъсис доданд. Ҳадаф аз таъсиси маҳфили мубоҳисавӣ баррасии паҳлуҳои мубрами илми забоншиносии рус ва адабиётшиносии қиёсӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар нишасти навбатии оянда дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва адабиёти ҷаҳон» мубоҳисаи афкор сурат мегирад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






