Ду кишвари дӯст сафорат месозанд

Апрель 1, 2013 15:10

Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон»-ро 1 апрел аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ намуданд. Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6), Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6), Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиркунонии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд.

Апрель 1, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш