Фаъолияти 85 ҳазор мошин дар як шабонарӯз
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар давоми 4 соли охир дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар ҷумҳурӣ 112 иншооти чароғаки роҳнамои навъи диодӣ, аз ҷумла 55 чароғак дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуданд.Ин нишондод зимни ҷаласаи Комиссияи ҳукуматии ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.Дар ҷасалаи мазкур раиси комиссия, мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Абдусаттор Раҷабов ҷараёни иҷрои барномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, аъзои комиссия доир ба татбиқи бандҳои дахлдори барномаи мазкур ҳисобот доданд.А. Раҷабов изҳори нигаронӣ намуд, ки нобоваста аз оне, ки дар давоми 4 соли охир сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ аз 6 то 12 % кам шудааст, ҳанӯз ин нишондод моро қонеъ карда наметавонад.«Хамасола дар Тоҷикистон зиёда аз 1400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта мешавад, ки бар асари он зиёда аз сад нафар ҳалок гардида, садҳо нафари дигар ҷароҳат мебардоранд. Рӯзе нест, ки садама рух надиҳад»,- гуфт раиси комиссия. Бинобар иттилои сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ Маҳмадсаид Саидов дар давраи иҷрои барнома дар Тоҷикистон 4211 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1331 нафар ҳалок ва 4997 нафар маҷруҳ шудааст.Дар айни замон дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 7 лоиҳа бо маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ татбиқ гардида истодааст.Зикр гардид, ки танҳо дар давоми 10 соли охир ба қаламрави ҷумҳурӣ 198 ҳазор мошини гуногунтамға ворид гардид. Омӯзиш нишон медиҳад, ки теъдоди мошинҳо дар пойтахти кишвар сол аз сол зиёд шуда, шиддатнокии ҳаракат дар кӯча ва ҳиёбонҳои мошингарди шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 80-85 ҳазор воситаи нақлиётро ташкил медиҳад.Дар доираи фаъолияти минбаъдаи Комиссияи ҳукуматӣ татбиқи чорабиниҳо вобаста ба беҳтар ба роҳ мондани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, такмили савияи дониши кормандони мақомоти давлатӣ ва пурзӯр намудани назорат аз болои фаъолияти мактабҳое, ки ронанда тайёр мекунанд, зарур шуморида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






