Филми мустанади «ТВ Центр» аз ҳаёти муҳоҷирон
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ аз 8 то 11-уми апрели соли ҷорӣ гуруҳи телевизионии «ТВ Центр»-и Русия оид ба омода намудани филми мустанад дар бораи «Муҳоҷирати меҳнатӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард. Кормандони шуъбаи робита бо ҷомеа ва Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ба гуруҳи наворбардорони телевизионии «ТВ Центр»-и Русия ҳамроҳӣ намуда, оид ба фаъолият ва зиндагонии мардуми тоҷик, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, маълумот доданд. Онҳо бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми тоҷик, урфу одат ва расму оини он шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин онҳо тарзи пур намудани корти муҳоҷират, гузаштан аз назди кормандони гумрук ва сарҳадчиён, ҷараёни сафари муҳоҷирони тоҷик ба Федератсияи Русияро дар фурудгоҳи байналмилалӣ ба навор гирифтанд. Сипас бо муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев мусоҳиба анҷом доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






