Форуме, ки мағзи кӯдаконро таҳрик дод

Апрель 17, 2013 16:09

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). – Имрӯз дар Маркази равобити пойтахт Форуми мактаббачагони шаҳри Душанбе оид ба технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ ҷамъбаст гардид. Форуми мазкур аз тарафи Маркази ТИК-и назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии кулли ширкати “Телеком технолоҷи”дар шарикӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид.  Форумро Ҳамидуллохон Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷамъбаст карда, ба он толибилмоне, ки дар ин лоиҳа иштирок доштанд, комёбиву бурдбориҳо таманно кард.Салмон Мираков, хонандаи синфи 11-и ноҳияи Сино мегӯяд, хеле шод аст, ки лоиҳаи тартибдодааш дар ин форум муаррифӣ шуд: “Барномаи сохтаи ман ин омӯзиши забонҳо мебошад, ки ба 3 забон тарҷума мешавад. Мақсад аз сохтани чунин барнома дар он буд, ки хонандагоне ки нав ба омузиши забон шурӯъ мекунанд, маҳз аз ин барнома истифода баранд. Ин барнома хело осон, қулай ва дастраси ҳмагон аст ”.Шавкат Нурматов, директори маркази ТИК-и назди раёсати маорифи пойтахт гуфт: “Форуме ки тӯли 2 рӯз баргузор гардид, аз тарафи ҳакамон хуб арзёбӣ шуд ва гуруҳбандӣ шуда, ба 4 қисм тақсим шуданд. Бояд гуфт. ҳар як лоиҳа аз рӯи мазмуну муҳтаво ва дизайни компютерӣ бо 10 хол баҳогузорӣ шуд”. Дар Форуми мазкур 6 нафар беҳтарин дониста шуда, бо дипломҳо мукофонида шуданд ва ба 25 нафари дигар туҳфа супорида шуд. Азамат Сафаров, хонандаи мактаби № 54-и пойтахт яке аз иштирокчиёни форум бо лоиҳаи “Шакли электронии “АЛИФБО” гуфт: “Ин гуна форумҳо бояд ҳар сол барои мо толибилмон ташкил шаванд, то мо тавонем зеҳну саводнокӣ ва дониши худро сайқал диҳем”.Бештари лоиҳаҳо ба масоили ҳалли баъзе аз мушкилоти маориф, аз ҷумла осон кардани кори омӯзгорон, бақайдгирии электронии хонандаҳо ва ҳамчунин тавассути электронӣ омода сохтани тестҳо барои имтиҳонҳои мактабӣ равона шудаанд.Форум бо барномаи фарҳангию фароғатӣ анҷом ёфт.

Апрель 17, 2013 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад