Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”
Душанбе, 11 апрел (АМИТ «Ховар»).-Дар Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон”, ки таҳти раёсати Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак, Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел, Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон ва роҳбарону намояндагони воломақоми ширкатҳои зиёди соҳибнуфузи Аврупо иштирок намуданд.Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқие, ки барои соҳибкорону сармоягузорон муҳайё гардидааст, бевосита иттилоъ дод.Тафсилоти чунин имконот, ҳамчунин аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ муаррифӣ гардид.Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва ғайра иттилооти муфассал пешниҳод гардид.Аз шарикони хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак суханронӣ намуда, дурнамои рушди ин соҳаи Тоҷикистонро басо умедворкунанда номид.Президенти ширкати Тетис петролиум Девид Робсон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо захираҳои фаровони нафту гази худ, пеш аз ҳама дар ҳавзаи Амударё метавонад яке аз кишварҳои бузурги минтақа гардад”. Тавре ӯ зикр намуд, танҳо дар ҳавзаи Амударё 27,5 миллиард баррел нафт, 3,22 триллион метри мукаъаб газ ва 8,5 миллиард баррел конденсати нафт мавҷуд аст.Ноиби аввали президенти Тотал Майкл Боррел воридшавии ин ширкатро ба иқтисодиёти Тоҷикистон имкони хеле фарохи рушди кишвар номид. Тавре ӯ зикр намуд, ин ширкат дар 130 кишвари ҷаҳон зиёда аз 700 намояндагӣ дошта, даромади солонааш баробар ба 200 миллиарди доллари амрикоӣ аст. Ин ширкат танҳо соли 2013 28 миллиард доллари амрикоӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон сармоягузорӣ карданӣ аст. Ба андешаи Майкл Боррел, воридшавии якҷояи ширкатҳои Тотал, Теттис петролиум ва CNPC- и Чин боиси ҷаҳиши бузург дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад буд.Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба имконоти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика зоҳир гардид. Тавре аён гардид, мавриди истифодаи босамар қарор гирифтани захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон боиси рушди бесобиқаи иҷтимоию иқтисодии кулли минтақа хоҳад буд, зеро норасоии нерӯи барқ дар бисёр кишварҳои ин минтақаи фарох эҳсос мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






