Хароҷоти буҷаи давлатӣ дар семоҳаи аввал

Апрель 17, 2013 11:26

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли 2013 қариб 2 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ тайи моҳҳои январ ва феврали соли равон баробари 1 миллиарду 446 миллиону 900 ҳазор сомонӣ буд. Хароҷоти буҷаи давлатӣ дар давраи ҳисобот 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли 2012 баробари 88 миллиону 400 ҳазор сомонӣ камтар аст.Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2013 дар ҳаҷми 12 миллиарду 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли 2012 баробари 2 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Апрель 17, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш