И. Талбаков: « Паём падидаи некест дар низоми навини давлатдории тоҷикон»
Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар ироаи Паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат –Маҷлиси Олӣ ба ҳукми анъана даромада ва он як падидаи некест дар низоми навини давлатдории тоҷикон», мегӯяд Исмоил Талбаков — узви кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки агар Паёми соли 2012 то Паёми соли 2013-ро таҳлил карда бароем, анқариб 90% -и нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буданд, амалӣ шудаанд ва бархе аз онҳо дар арафаи татбиқшавӣ қарор доранд. Дар ин давра, яъне аз Паём то Паём дар бахши иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада, ки онҳо бозгӯи дастовардҳои чашмрасанд. Дар ин марҳила аз лиҳози нишондоди оморӣ афзоиши даромади буҷа, даромади аҳолӣ, афзоши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа, ки аз сӯи мақомоти омори кишвар натиҷагирӣ шудаанд, дастовардҳоро дар бахши иқтисод хеле назаррас арзёбӣ менамоянд. Паёми соли 2012 аз беҳтарин паёмҳо нисбат ба паёмҳои солҳои 2000-2001 маҳсуб меёбад, зеро агар дар Паёмҳои солҳои қаблӣ бештар ба масъалаҳои боздоштани сатҳи пастравии иқтисодиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва соири масъалаҳо дахл карда мешуд, дар Паёми соли гузашта дар масъалаи тақвият ва рушди иқтисодиёти миллии кишвар, ноил гардидани мардум ба сатҳи баланди зиндагӣ диққати махсус дода шуд. Ин аст, ки баъд аз Паёми соли 2012 Барномаи Ҳукуматӣ барои соли 2013-2015 дар мавриди рушди сатҳи зиндагии мардум қабул карда шуд. Яъне, аз мавзӯи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба масъалаи рушди сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду талош карда истодаем, ки он бозгӯи рушди иқтисоди кишвар аст. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи кишвари мо ба 80% мерасид, баъдан он бо ҷаҳду талошҳои Хукумати мамлакат бо назардошти таҳия ва қабули барномаҳои давлатии паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо тадриҷ ба 42% баробар шуд ва дар соли равон он то 39 % коҳиш меёбад, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Вакили Парлумони мамлакат афзуд, ки Паёми дар соли гузашта ироа намудаи Президенти кишвар ба Парлумон дар ҳаёти иқтисодии давлат нақши муассир гузошт, хусусан дар самти амалӣ намудани се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- мушарраф гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ. Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат охири моли 2012 яке аз рӯйдодҳои муҳим барои мардуми Тоҷикистон буда, сохтмон ва ба истифода додани иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ –роҳҳои мошингард, нақбҳо, корхонаҳои калони саноатӣ, муассисаҳо дар бахши маорифу тандурустӣ ва варзишию солимгардонӣ ва дар ин замина аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ворид шудан, амалӣ шудани шаклҳои гуногуни моликият шаҳодати онанд, ки Паёми Президенти ҷумҳурӣ дар соли 2012 бо тадриҷ амалӣ гардида истодааст. Дар амал татбиқ шудани барномаҳои иқтисодӣ дар партави Паёми Президенти кишвар аз дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва сарҷамъии миллати тоҷик ва оромии сарзамини мо шаҳодат медиҳад, мегӯяд Исмоил Талбаков, зеро вақте ки сармоягузори хориҷӣ мехоҳад ба иқтисоди кишвари мо сармоя ворид созад, пеш аз ҳама ӯ вазъи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ ва низоми қонунгузории кишвари моро дар бахши иқтисод ва тиҷорат ба инобат мегирад. «Ман мутмаинам, ки дар чордаҳумин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат масъалаҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд доранд, матраҳ мегарданд, ки ҳалли онҳо барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа ва сарсабзию шукуфоии Тоҷикистони офтобӣ, ки хонаи умеди ҳар як тоҷику тоҷикистонист, нақши муассир хоҳад гузошт, афзуд вакили Парлумони Тоҷикистон дар фарҷом.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






