Имзои созишномаҳои байни палатаҳои савдо ва саноат

Апрель 3, 2013 13:31

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев ва ҳайати Афғонистон бо роҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Балхи Афғонистон Ораш Юнусӣ баргузор гардид.Тавре ки аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Асаналӣ Карамалиев дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши маблағгузорӣ ва бунёди корхонаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Ораш Юнусӣ дар навбати худ аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Балх ва роҳҳои имконпазири ҳамкорӣ нақл карда, пешниҳодоти Асаналӣ Карамалиевро пазируфт.Аз рӯи натиҷаи мулоқот созишномаҳои байни Палатаи вилояти Балх ва палатаҳои минтақавии вилоятҳои Хатлону Суғд имзо шудаанд.

Апрель 3, 2013 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш