Имзои Созишномаи таъмини транзити амволи низомӣ

Апрель 18, 2013 14:02

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 18 апрели соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тасвиб расид. Созишномаи номбурдаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори он кишвар Робин Орд-Смит ба имзо расониданд. Созишномаи мазкур тартиби транзити амволи низомӣ ва афсарони Британияи Кабирро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамдастӣ ба саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ менамояд.

Апрель 18, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш