Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши созмонҳои парлумонӣ дар бунёди Аврупои бидуни хатҳои тафриқотӣ», таҳти чунин унвон дар Маркази парлумонии Санкт- Петербурги Русия конфронси парлумонии байналмилалӣ доир гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуданд. Ҳамоиши мазкур бо ибтикороти Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо баргузор гардид. Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ дар мизи мудаввар, ки дар доираи ҳамоиш дар мавзӯи «Нақши парламентҳо дар ҳифзу таҳкими ҳуқуқи инсон» баргузор шуд, сухан гуфт. Мавсуф доир ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар ва нақши мақоми қонунгузорӣ дар рушди равандҳои демократӣ ва хамзистии осоиштаи таркиби иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон ибрози андеша намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






