Иштироки Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ

Апрель 23, 2013 11:43

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикори Палатаи умумиҷаҳонии савдо ва Конфедератсияи ҷаҳонии палатаҳои савдо 22 апрел дар шаҳри Давҳаи Шоҳигарии Қатар Конгресси 8 – уми умумиҷаҳонии палатаҳои савдо ба кораш оғоз намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Конгресс аз ҷониби Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд М.Зиёбоев ширкат доранд.Барномаи Конгресс доир намудани ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои «Корхонаҳои хурд — асоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «Созмони умумиҷаҳонии савдо ва манфиатҳои соҳибкорон», «Занон ва тиҷорат», «Роҳҳои афзун намудани самараи савдои байналмилалӣ» — ро пешбинӣ менамояд.

Апрель 23, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш