Истеҳсоли қуму шағал 2,6 баробар шуд
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 65 корхонаи истеҳсоли қуму шағал мавҷуд буда, тавре ки маълум аст, фаъолияти онҳо мавсимӣ мебошад. Бо муътадил шудани вазъи ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият дар се моҳи соли ҷорӣ 56-тои он аз нав ба фаъолият шуруъ намуда, ба миқдори 106,7 ҳазор м3 қуму шағал истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,1 ҳазор м3 зиёд аст. Суръатафзоии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар зиёд мебошад.Дар ноҳияи Шўробод аз ҷониби ҶММ «Анвар» як корхонаи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори 40 ҳазор м3 оғоз карда, ба миқдори 15,7 ҳазор м3 маҳсулот истеҳсол намуд ва шумораи ҷойҳои кории корхона 12 ададро ташкил медиҳад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» соли равон дар ҷумҳурӣ ба истифода додани 5 корхонаи нави истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 65 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






