Истиқболи гарм аз Паёми Президент дар Бадахшон

Апрель 26, 2013 16:34

Хоруғ, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷ. Улфатшоев).- Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони тамоми мамлакат, аз ҷумла, сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хуш пазируфта шуд. Дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ тамошои мустақими Паёми имсолаи Сарвари давлат ба таври густурда роҳандозӣ гардид. Тамошои Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Кохи ҷавонон, шуъбаи Бонки миллӣ, маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, дар маҷмуъ дар 16 нуқтаи шаҳр баргузор гашт, ки дар он кормандони идораю муассисаҳо, сокинони маҳаллаҳои шаҳр иштирок доштанд.

Апрель 26, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш