Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарии Ҷопон
Душанбе, 05 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 4 апрели соли 2013 маросими бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи навсозии мактаби миёнаи № 10 дар деҳаи Сари Мазори ноҳияи Балҷувон» бо иштироки Такааки Коматсу, котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон баргузор гардид. Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур, 111,726 доллари ИМА ҷудо намуд. Мактаби мазкур тавассути саҳми ҷомеа соли 1986 бунёд гардида, бинобар фарсудагӣ ва норасоии ҷой барои хонандагон мушкилот дошт. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб иборат аз шаш синфхона ва ду хона барои кормандон сохта шуд. Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид, мактаби мазкур бо таҷҳизоти мактабӣ, ба монанди мизу курсӣ ва тахтасинфҳо таъмин гардид. Алҳол иншооти нави мактаб, имконияти бо таҳсил фарогирии толибилмони синфҳои 10 ва 11-ро дорад ва ба кӯдакони деҳоти Сари Мазори ноҳияи Балҷувон муҳити беҳтар барои таҳсил муҳайё гаштааст. Худи ҳамон рӯз дар беморхонаи Марказии ноҳияи Ховалинг маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи беҳтарсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва тавлидгоҳи беморхонаи Марказии ноҳияи Ховалинг» (111,788 доллари ИМА) бо иштироки Такааки Коматсу, котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг баргузор гашт. Беморхонаи марказии нохияи Ховалинг аз ҳангоми таъсис (соли 1986) то инҷониб рӯи таъмирро надида буд. Дар татбиқи лоиҳа биноҳои шуъбаҳои ҷаррохӣ ва тавлидгоҳи беморхона пурра барқарор гардиданд. Илова бар ин Ҳукумати Ҷопон беморхонаи мазкурро бо таҷҳизоти нави замонавӣ, аз қабили дастгоҳи ултрасадо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шуш ва гастрофиброскоп муҷаҳҳаз гардонид. Акнун мизоҷон имкон пайдо карданд, то аз табобати босифат дар муҳити боамн истифода баранд. Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, беморхона имконияти хизматрасонии тиббии босифатро барои зиёда аз 4000 нафар бемор таъмин карда, ҳамзамон шароити зиндагии аҳолӣ ва ҳуқуқи асосии саломатии инсонро дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон беҳтар менамояд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин боми мактаб пурра барқарор гардид. Дар айни замон 134 нафар хонанда аз мактаб-интернати қишлоқи ҳамсоя ва 236 толибилм аз гимназия дар қатори хонандагони мактаби мазкур дастрасии пурра ба толори варзишӣ барои машқҳои варзишӣ, ошхонаи тоза ва маҷлисгоҳро доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






