Корхонаи нави коркарди пӯст

Апрель 23, 2013 11:44

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояҳои Чин корхонаи нави коркарди пӯст бунёд мешавад. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ корхонаи нав бояд дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ба кор дарояд. Алҳол дар ин ҷо таҷҳизоти нави технологӣ насб мешавад. Иқтидори солонаи корхона 150 ҳазор адад пӯст мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои соҳаи мазкур беш аз 227 ҳазору 800 адад пӯстро коркард намудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 43,3 фоиз зиёд аст.

Апрель 23, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш