Кумитаи ҷавонон: «Мақсад- тарғиби тарзи ҳаёти солим»

Апрель 29, 2013 14:31

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳия намуд, ки тибқи он дар давоми моҳи май дар марказ ва саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ, оммавию варзишӣ доир мегарданд. 3-4 май дар Китобхонаи миллӣ Форуми VI ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонони Тоҷикистон, 19 май Конфронси байналмилалии олимони ҷавон дар мавзўи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои ИДМ», 18 май дар Кохи Ҷомӣ Фестивал- озмуни «Суруди сарбоз», 11 май ҳашари ҷумҳуриявӣ дар боғу гулгашт ва марказҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру навоҳӣ сурат хоҳад гирифт.Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари қишрҳои мухталифи ҷомеа ба варзиш 18 май дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузории Дави миллӣ, 21-уми май ҷамъбасти даври ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давоми моҳи май ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишию оммавӣ дар назар аст. Ҳамчунин 23 май дар Кохи Борбад мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавони кишвар, ташкили намоишгоҳҳои китоб, ҳунарҳои дастиву либосҳои миллӣ ва ихтирооту дастовардҳои илмиву техникӣ, баргузории барномаи фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.

Апрель 29, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш