М. Неъматов: «Ҳадаф- густариши ҷаҳонбинии насли ҷавон аст»
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 9 апрели соли равон дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2013 бо ширкати Д.Мирсаидова- мудири шуъбаи масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва бахшҳои ноҳиявӣ доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2013, самтҳои асосии фаъолият ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Раиси Кумита Маликшо Неъматов натиҷаҳои фаъолиятро дар семоҳаи аввали соли 2013 мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор дода, аз беҳбудии тадриҷӣ дар раванди татбиқи барномаҳои давлатии соҳа сухан гуфта, ба он ишора кард, ки барои тақвияти ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии соҳа ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд зарурат дорад. Неъматов гуфт, ки кумита ва сохторҳои марбути он дар давраи ҳисоботӣ бобати татбиқи барномаҳои давлатии соҳа силсилаи чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, варзишию оммавиро доир намуданд. Дар бахши варзиш дар маҷмуъ 11 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 2 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 1503 нафар варзишгар, ки аз ин 151 нафараш бонувон буданд, доир гардид Инчунин дар семоҳаи аввали соли 2013 61 нафар варзишгари тоҷик, ки аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар 9 чемпионати ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 26 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 6 нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд. Дар бахши туризм низ тадбирҳои судманд амалӣ гаштанд. Рӯйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ- ин моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum), ки ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳонӣ оид ба таҳлил ва баҳогузории фаъолияти иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад, коршиносони байналмилалӣ сиёсати пешгирифтаи 139 кишвари ҷаҳонро дар самти саёҳат мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари туристӣ арзёбӣ карданд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар аз 6 то 10 марти соли равон хайати намояндагони соҳаи туризми мамлакат дар намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Берлин- 2013 иштирок намуданд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин чорабиниҳо,- гуфт Неъматов,-баланд бардоштани маърифату густариши ҷаҳонбинии насли ҷавон, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазири милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон, пешгирии зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон, дар рўҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, таблиғи идеяҳои асосии низоми давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, дарёфти роҳҳои муассиртари ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар оянда зиёд намудани теъдоди ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонон дар самти таъмини саломатӣ ва интихоби тарзи солими ҳаёт, дастгирии иҷтимоии ҷавонони ниёзманд ва соҳибистеъдод, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он, тарғиби захираҳои туристии мамлакат ва бад-ин восита густариши сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодӣ мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






