Маҳфили ёдбуд бахшида 100 -солагии София Тӯйбоева
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон София Тӯйбоева маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар он муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳуринисо Ализода сухан гуфта, ҳамкасбони София Тӯйбоева- ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова, Марям Исоева , Ҳабибулло Абдураззоқов, Ортиқи Кодир, шогирд ва дӯсти хонаводагӣ Тамара Абдушукурова аз хотироти хеш нақл карданд. Зикр шуд, ки зиндагии София Тӯйбоева як китобест, ки аз ҳунар, фарҳанг, эчод, шахсият, истеъдод ҳикоят мекунад. Инчунин дар ҷамъомад наворҳо аз рӯзгори ҳунарпеша, порае аз намоишномаи «Бой ва хизматгор» дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиш дода шуд.София Тӯйбоева 30 январи соли 1913 дар шахри Қазолии Қазоқистон таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1929 то соли 1931 дар театри Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Тошканд фаъолият намуда, аввалин нақши худ Гулҷамолро дар мазҳакаи «Ҳуҷум» иҷро намуда, дар ин театр бо офаридани чандин нақшҳои асосӣ дар намоишномаҳои «Балво»-и Д.Фурманов ва С.Поливанов, «Зараррасондагони пахта»-и У.Исмоилов мактаби хуби ҳунариро гузаштааст. Соли 1931 София Тӯйбоева ба шаҳри Душанбе омада, фаъолияташро аз Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуда, то охири умр дар ҳамин театр нақш офаридааст. Ӯ дар театр ва кинои тоҷик, инчунин дар як силсила асарҳои драмманависони классики рус ва ғарб нақшҳои асосиро бозидааст. Аввалин муассис ва раиси ҷамъияти театрии Тоҷикистон (1968-1980) буд. Бо бисёр мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидааст.Дар маҳфил ҳамкасбон, пайвандон, ёру дӯстон, чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ки замоне бо София Тӯйбоева шиносоӣ ва ҳамкорӣ доштанд, иштирок намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






