Майдони варзишӣ дар Муъминобод
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони майдони варзишӣ барои 7400 нафар вусъат ёфта то ин муддат корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ дар бино 65 фоиз иҷро шудаанд. Як қисмати бино аз тарафи ҶДММ «Кӯлобдеҳотсоз», ки роҳбарии онро Қурбоналӣ Достиев ба уҳда дорад, ба истифода дода мешавад. Ба гуфти Достиев маблағгузории сохтмони бино аз тарафи фармоишгар- Дирексияи сохтмони иншооти назди ҳукумати ҶТ таъмин шуда, маблағҳои мавҷуда барои хариди масолеҳи сохтмонии бино, музди меҳнати сохтмончиён, хариди сӯзишворӣ дигар корҳои сохтмонӣ равона мегарданд. Дар айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончӣ фаъолият дошта, бо шароити лозимӣ таъмин мебошанд. Гуфта мешавад дар корҳои сохтмонии бинои варзишӣ се ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд фаъол буда, масъулини ҷамъиятҳо тасмим гирифтаанд, то 31 июли соли ҷорӣ корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






