Маорифчиён дар сафи пеши ҳизб

Апрель 5, 2013 09:34

Кӯлоб, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – 4 апрели соли 2013 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки маорифчиёни ҳизбӣ баргузор гардид. Дар нишаст масъалаҳои муҳим, аз қабили иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар қарорҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб омада, мустаҳкам кардани низоми касбӣ ва ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, пурзӯр намудани ташвиқоту тарғибот миёни мардум баррасӣ шуд. Зулайхо Ҳақназарова , раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз маорифчиёни хизбӣ даъват намуд. ки мавқеи пешоҳанги сиёсӣ будани худро устувортар намоянд ва дар якҷоягӣ бо ҲХДТ ҷиҳати аз нигоҳи маънавию мафкуравӣ солим тарбия ёфтани ҷавонон бештар саҳм гузоранд.

Апрель 5, 2013 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш