Марказҳои нави хидматрасонии бонкӣ

Апрель 2, 2013 11:31

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ба манзури татбиқи стратегияи диверсификатсияи соҳибкорӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ бо дастгирии роҳбарияти Бонки «Эсхата» ва намояндагии он дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Маркази хидматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки «Эсхата» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавриди истифода қарор додани марказҳои нави хидматрасонӣ мутахассисони ноҳияро бо кор таъмин намуда, ба рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад.Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамчунин Маркази хидматрасонии бонкӣ ифтитоҳ шудааст. Хотирнишон месозем, ки то имрӯз дар тамоми кишвар 25 маркази хидматрасонии бонкии «Эсхата» мавҷуд буда, 9 – тои онҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Апрель 2, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш