Маркази нави саломатӣ

Апрель 16, 2013 09:10

Навобод,16 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯст, бо маблағи 98 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба истифода дода шуд.Бинои мазкурро сохтмончиёни ҶДММ «Эделвайс», сарвараш Хуршед Сатторов бо сифати баланд сохта ба истифода доданд. Ташкили марказ шароит фароҳам овард, ки 9 нафар духтури соҳибтахассус ва 8 нафар ҳамшираи шафқат соҳиби ҷойи кори доимӣ гарданд.Марказ ба 30 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Б.Раҳимзода, Тагоба, Оби меҳнат ва шаҳраки Навобод хизмати тиббӣ мерасонад,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури марказ Алимаҳмад Солеҳов.Дар расми кушоиши бинои мазкур раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов ширкат дошт ва ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо изҳори сипос намуд.

Апрель 16, 2013 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш