Маснуоти саноати сабук-берун аз ҷумҳурӣ

Апрель 20, 2013 09:24

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар семоҳаи аввали соли 2013 ба маблағи зиёда аз 54039,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (40205,7 ҳазор сомонӣ) 13833,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 134,4 % — ро ташкил намуд. Тибқи иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қобилияти содиротии корхонаҳои саноати сабук, бахусус ҶММ «Файзи Истиқлол — 2011», ҶММ «Хима — Текстайл», ҶСП «Олим -Текстайл», ҶММ «Спитамен текстайл», ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶММ «Ҷавонӣ», ҶММ «Сатн», ҶММ «Текстил Сити», ҶММ «Фирўз», СИ «Раҳимов», ҶСК «Нафиса», Заводи коркарди пўсти ноҳияи Данғара, ҶММ «Муҳаммадинаҷот» ва ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» афзун гардида, содироти маҳсулоти ин корхонаҳо ба хориҷи кишвар дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ зиёда аз 50,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (44 млн. 069 ҳазор сомонӣ) 6 млн. 563 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Апрель 20, 2013 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст