Муҳокимаи масоили татбиқи стратегияи зидди маводи нашъаовар
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар машварати ҳармоҳаи гурӯҳи роҳбарони созмонҳои мададгор, ки 25 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустам Назаров зимни суханрониаш сабабҳои асосиеро, ки барои тарҳрезӣ ва қабули стратегияи миллӣ, мақсаду вазифаҳо ва табиқи он мусоидат мекунанд, сухан ронд.Дар машварат ба роҳҳои татбиқи стратегия ва ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.Хотирнишон месозем, ки ин стратегияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 феврали соли 2013 тасдиқ намуда буд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






