Муҳокимаи нақши кормандони ғайриштатии милитсия

Апрель 16, 2013 11:16

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Субҳи имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Кохи Ҷомӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия конфронси умумиҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ба кори худ оғоз бахшид. Мақсад аз баргузории конфронси мазкур ҳамкорӣ бо ҷомеа ва ҷалби шаҳрвандон дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ифтитоҳ бахшида, ба хотири шаҳидони амали террористии дар шаҳри Бостони ИМА ба вуқуъ пайваста дақиқаи хомӯшӣ эълон намуд. Мавсуф нақши кормандони ғайриштатии милитсияро дар таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон таъкид намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти онҳо пешниҳодҳои муфид иброз намуд.

Апрель 16, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш