Муҳокимаи стратегияи экологии ширкати «ТАЛКО»

Апрель 1, 2013 16:48

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ба муносибати 38 – умин солгарди рӯзи таъсисёбии Корхонаи алюминии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода семинар дар мавзӯи «ТАЛКО: стратегияи экологии ширкат» баргузор гардид. Иштирокдорони семинар мавзӯъҳои стратегияи экологии ширкати алюминии Тоҷикистон, таъсири корхонаҳои саноатӣ ба экологияи Тоҷикистон, экология ва истеҳсолоти Корхонаи воҳиди давлатии «ТАЛКО», иштироки Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии металлургия дар ҳалли масоили экологии ширкати «ТАЛКО» — ро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар ҷараёни семинар зикр шуд, ки ҳангоми соли 1975 мавриди истифода қарор гирифтани корхона риояи ҳамаи меъёрҳои технологӣ ҷиҳати зарар надидани вазъи экологии муҳити зист ба назар гирифта шуда буд. Ҳамчунин зикр шуд, ки мақсад аз сиёсати экологии ширкати мазкур ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳо, бехатарӣ ва тансиҳатии кормандони корхона ва аҳолии ҳудуди он мебошад.Дар корхона барои таҳти назорат гирифтани ифлосшавии муҳити зист мунтазам корҳои зарурӣ анҷом дода, нақшаҳои ҳарсолаи ҳифзи табиат тартиб дода мешаванд. Ин корҳоро ниҳодҳои сохтории ҳифзи муҳити зист бо ҷалби созмону озмоишгоҳҳои махсус иҷро мекунанд. Аз рӯи натиҷаи семинар пешниҳодҳо ироа шуданд, ки барои омӯзиши минбаъда манзури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ карда мешаванд.

Апрель 1, 2013 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш