Мукофот ба ғолибони озмуни «Амволи беҳтарини сол»

Апрель 3, 2013 13:30

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибони озмуни «Амволи беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2012» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оила», Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Мувофиқи суханони муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев, мақсад аз ин озмун дастгирии соҳибкорони кишвар буд. Ғолибон аз рӯи 31 бахш эълон карда шудаанд. Ба гуфтаи Асаналӣ Карамалиев, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ғолибонро бо дипломҳо сарфароз намуд.

Апрель 3, 2013 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш