Мулоқоти Э.Раҳмон бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ
Душанбе, 11 апрел (АМИТ «Ховар»).-Масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” муфассал баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хоса бо Урбан Руснак изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ва ҳам форуми созмондодаи Хартияи энергетикӣ барои ҷалби васеи сармоягузорӣ ва рушди бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим такони ҷиддӣ мебахшанд.Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот ва Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи кишвари моро, ки аксари куллашон ба рушди тамоми минтақа нигаронда шудаанд, шахсан муаррифӣ намуда, доираҳои соҳибнуфузи давлатӣ ва соҳибкории Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро ба ҳамкории пурсамар дар ин соҳа даъват намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






