Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик БАСУ-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре зикр гардид, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли 2013 7,2% ва таваррум 1,1 фоизро ташкил додааст.Ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.Доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамӯҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳи 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.Ҳамчунин доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






