Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Белгия
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусӣ аст, баррасӣ шуд.Ба густариши ҳамкорӣ барои ташхису табобати бемориҳои гуногун, омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон ва донишу таҷриба, дастгирии техникии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.Ба он аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва аз ҷониби Белгия Президенти ассотсиатсияи мазкур Дирк Ламбрехтс имзо гузоштанд.Зикр гардид, ки минбаъд дар асоси ин санад Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва татбиқ хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






