Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Парлумони Аврупо
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Дар идомаи сафар ба Брюсел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулс мулоқот намуд.Дар даромадгоҳи бинои Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Парлумон Мартин Шулс истиқбол гирифта, ба макони аксбардории якҷоя даъват намуд.Дар мулоқоти онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, хусусан раванди таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони он, фаъолияти босамари Кумитаи ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва ҳамчунин татбиқи босамари Стратегияи ҳафтсолаи ҳамкории Иттиҳод бо Осиёи Марказӣ изҳори қаноат карда шуд.Мартин Шулс мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва нақши сиёсию амниятии онро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини суботу эътидол дар Афғонистон ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму экстремизм ва қочоқи мухаддирот муҳим номида, ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории босамар бо он таъкид дошт.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар робита ба шароити баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Ман ҳамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медиҳам, ки интихоботи Президентии Тоҷикистон озодона, шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






