Мулоқоти Э.Раҳмон бо С.Степашин

Апрель 16, 2013 10:37

Душанбе, 16 апрел (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.Сергей Степашин бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд. Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афѓонистон зоҳир гардид.Гуфтугў дар фазои дўстии анъанавӣ ва ҳамшарикии стратегию иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҷараён гирифт. Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Апрель 16, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш