Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи дуюми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюсел, пойтахти Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен оғоз ёфт.Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи қароргоҳи доимии ин созмон дар Брюсел истиқбол гирифт.Боздиди навбатӣ аз НАТО бо маросими аксбардории якҷоя оғоз ёфт.Дар оғози мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “аз ҳамшарикии амалӣ бо ин созмон дар доираи Барномаи “Ҳамёрӣ барои сулҳ” изҳори қаноатмандӣ карда, “татбиқи Барномаи инфиродии ҳамшарикии миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро воситаи муассири таҳкими равобити ду ҷониб номид”.Тавре зикр гардид, дар чаҳорчӯби ин барнома Тоҷикистон аз мусоидати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар тоза кардани ҳудуди худ аз мина ва дигар моддаҳои тарканда, пурзӯр намудани амнияти сарҳадӣ, омӯзиши забонҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо бархӯрдор аст.Андерс Фог Расмуссен ба нақши Тоҷикистон дар кумаки амалӣ ба нерӯҳои эътилофии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ва мусоидати фаъол ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар баҳои баланд дода, давлати моро дар ин раванд “шарики боэътимоду устувори НАТО” номид.Андерс Фог Расмуссен, ҳамчунин изҳор дошт, ки “НАТО дар масири мусоидат ба эҳёи иқтисодиёту иқтимоиёти Афғонистон ва омодасозии кадрҳои низомӣ ва полиси афғон аз имконоти Тоҷикистон имрӯз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад”. Ӯ ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамшарикии боэътимод бо НАТО арзи сипос кард.Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, изҳор дошт: “вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷалби ҳарчӣ бештари Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ воситаи самарабахше дар масири сулҳсозӣ дар ин кишвар хоҳад буд”.Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш, аз ҷумла пас аз соли 2014 низ ҳавасмандии худро таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






