Мулоқоти иттилоотӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ мулоқоти иттилоотӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи рушди интиқоли нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000 баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони марказҳои таҳлилии мустақил, ассотсиатсияҳо, созмонҳои ҳуқуқии ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.Тавре ки маълум аст, мақсад аз лоиҳаи CASA -1000 ин таҳияи механизми содироти нерӯи барқи зиёдатии дар фасли тобистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷудбуда ба Афғонистон ва Покистон мебошад. Ин лоиҳа барои табодули тақрибан 1000-1300 МВт нерӯи барқ дар минтақа имкон медиҳад. Ёдовар мешавем, ки масъалагузории омодасозии лоиҳа бо асосноккунии техникию иқтисодӣ ҳануз соли 2007 шуруъ шуда, аммо таҳияи воқеии он соли 2011 оғоз гардид. Он бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ такмил дода шуда, сентябри ҳамон сол ҷаласаи аввали Шӯрои байниҳукуматӣ дар шаҳри Бишкек баргузор гардид. Дар айни замон, АТИ омода гардида, ҳамчунин омӯзишҳои зиёде, мисли таъсир ба муҳити зист, таҳияи барномаи хизматрасонии иловагӣ барои аҳолӣ дар самти хатгузари нерӯи барқ, баҳодиҳӣ ва барномаи таъминоти бехатарии сохтмони хати нерӯи барқ амалӣ гардидааст. Вобаста ба лоиҳа котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ вуҷуд дошта, гуруҳҳои кории кишварҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба лоиҳа тибқи нақшаҳо мулоқотҳо анҷом медиҳанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






