Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон

Апрель 1, 2013 15:42

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри Е Ахамед мулоқот кард. Бино ба иттилоии ВКХ зимни суҳбат вазирони Тоҷикистону Ҳиндустон масоили амалишавии қарордодҳоеро, ки ҳангоми сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон ба тавсиб расида буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора афзудааст, ки ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои муҳими минтақавиро муҳокима намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, фарҳанг, маориф, технологияҳои иттилоотӣ бомаром идома доранд.Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ ва Шри Е. Ахамед ба масоили навсозии Нерӯгоҳи барқи обии Варзоб-1 ва дастгирии ҷониби Ҳиндустон аз маҷмааи саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Апрель 1, 2013 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад