Муноқишаи муҳоҷирон дар Русия
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Дар натиҷаи рейди муштараки кормандони мақомоти полис ва Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Санкт Петербург дар минтақаи Майдони Сенная 378 нафар дастгир шуд. Ҳамаи дастгиршудагон дар мақомоти полис қарор доранд. Мувофиқи иттилои Сарраёсати ВКД дар Санкт Петербург 330 нафари онҳо барои муайян намудани будубоши қонунӣ, яъне мувофиқати ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории муҳоҷират мавриди санҷиш қарор мегиранд. Аксарияти онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Рейди санҷишӣ бо супориши роҳбарияти Сарраёсати ВКД дар Санкт Петербург, баъд аз муноқишаи гуруҳӣ, ки субҳи 11 апрели соли ҷорӣ миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ИДМ дар Майдони Сенная ба амал омада буд, сурат гирифт. Ба иттилои шуъбаи робита бо чомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ субҳи имрӯз тақрибан соати 7:00 дар хиёбони Москваи Санкт Петербург миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қабардино-Балқар муноқиша бархоста, дар натиҷаи он аз захми корд як нафар шаҳрванди 33-солаи Ҷумҳурии Қабардино-Балқар ба ҳалокат расид. Аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи мақомоти тафтишотии Кумитаи тафтишотии Санкт -Петербург бо қисми 1 моддаи 105 КҶ ФР (куштор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






