Муносибатҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Русия

Апрель 18, 2013 11:11

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид аз вазъи энергетика, саноати маъдан, сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин коркарди нахи пахта нақл кард. Раиси Палатаи савдо пешниҳод намуд, ки бо ҷалби технологияҳои Русия дар заминаи имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд.Михаил Кораблин ин пешниҳодро пазируфта, зикр намуд, ки барои густариши фаъолияти судманд бояд дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳои Русия ифтитоҳ шаванд.Ҷонибҳо зикр намуданд, ки бояд дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои маҳсулоти минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия кушода ва мулоқоту ҳамоишҳои аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар ташкил карда шавад.

Апрель 18, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш