Муовини вазири маорифи Беларус аз парлумон боздид намуд

Апрель 18, 2013 16:10

Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Масоили таҳкими ҳамкориҳо дар риштаи илму маориф байни Тоҷикистону Беларус дар меҳвари мулоқоти Мирганд Шабозов- муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва Василий Будкевич- муовини вазири маорифи Беларус қарор дошт. Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, мусоҳибон масоили вобаста ба илму маориф, дастовардҳои илмӣ, саҳми парлумони Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат ва сатҳу сифати қонунҳои дар ин замина қабулнамудаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд.Мирганд Шабозов аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори дар оянда низ тақвият додани равобити ду кишвар дар ин замина шуд. Мавсуф афзуд,ки Парлумони Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро барои фароҳам овардани шароити ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Беларус дар тамоми бахшҳо истифода хоҳад кард. Зикр шуд, ки ҳамкории ҳасанаи Душанбею Минск аз муносиботи хуби сарони ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко маншаъ мегирад.Муовини вазири маорифи Беларус Василий Будкевич низ раванди муносиботи Душанбе ва Минск дар бахши маорифро мувофиқи хостаҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Беларус ҳамеша алоқаманди тақвияти равобит бо Тоҷикистон дар бахши маориф ва дигар соҳаҳо аст. Дар мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук ширкат дошт.

Апрель 18, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш