Муроҷиатномаи Парлумони Тоҷикистон ба Думаи Русия
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия дар мавриди таҳқиру туҳмати миллати тоҷик ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи Владимир Жириновский — роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия (ҲЛДР), ки 18 апрел дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Русия-1» пахш гардида буд, муроҷиатнома қабул кард. Муроҷиатнома, ки бо забони русӣ таҳия гардидааст, онро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ваклони парлумон қироат кард. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи Русия оид ба Тоҷикистон хабарҳое мунташир мегарданд, ки асоси воқеӣ надоранд. Кор ба дараҷае расидааст, ки эроду танқид ба туҳмату таҳқир табдил ёфта истодааст. Нишон додани қатораҳои Тоҷикистон бо ворид шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия гӯё аз нигоҳи тиббӣ носолим, нашъаманд, паҳнкунандаи бемориҳои сирояткунанда дар Русия кам буд, ки ахиран суҳбати телевизионии Владимир Жириновский – роҳбари ҲЛДР дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Русия-1» пахш гардид, ки ин дараҷаи олии таҳқир аст. В. Жириновский дар барномаи «Поединок» бо Виктор Анпилов-роҳбари ҳаракати «Русияи коргарӣ» вориди баҳс шуда, алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик суханони таҳқиромез гуфт. Жириновский муҳоҷирони тоҷикро мояи афзоиши беморӣ, ифлосӣ, бекорӣ ва бефарҳангӣ дар Русия хонд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 2-3 миллиард $ аз Русия маблағ интиқол медиҳанд, ба ивази он беш аз 20 миллиард $ корҳоро дар Русия ба анҷом мерасонанд. Ҳамзамон ин мансабдори рус нисбат ба Президенти Тоҷикистон дар барномаи «Поединок» андешаҳои носазо гуфт, -афзуд Ш. Зуҳуров. Мавсуф зикр кард, ки дар шаъни як вакили Парлумон ва роҳбари Ҳизби сиёсии Русия раво дидани суханони саропо пур аз таҳқир нисбат ба миллати тоҷик ва Президенти он, ки симои давлат аст, зебанда нест. «Ин бори аввал нест, ки чунин суханони аз доираи одоб беруни ҷаноби Жириновскийро нисбат ба тоҷикону дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ мешунавем»,-афзуд раиси Парлумони Тоҷикистон. Албатта, ин бадхоҳию худхоҳӣ хоси танҳо ҷаноби Жириновский ва ӯ баринҳост, ки онро мо ба виҷдони худи онҳо ҳавола мекунем, гуфт бо исрор Ш. Зуҳуров. -Чунин суханони таҳқиромези вакили Думаи давлатии Русия ҳеҷ гоҳ ба муносиботи дӯстонаю хайрхоҳонаи миёни миллатҳо ва давлатҳои мо латма намезанад. Мо Русияро шарики боэътимод ва стратегии худ медонем. Умедворем, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда дар тамоми сатҳҳо густариш меёбанд,- таъкид кард Ш. Зуҳуров.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






