Мусобиқаи таэвондо-ИТФ дар байни ҷавонон

Апрель 25, 2013 14:48

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар доираи Бозиҳои варзишии наврасии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 25 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи таэвондо-ИТФ баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар байни варзишгардухтарону варзишгарписарони солҳои таваллуди 1997-1998 доир шуд. Варзишгарон аз вилояти Суғду Хатлон (минтақаи Кўлоб ва Қурғонтеппа), ВМКБ, аз шаҳри Душанбе , водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ қувваозмоӣ намуданд.Дар озмун иштирокчиён ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд: дастаи Душанбе 1 -соҳиби 3 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ, Душанбе 2- соҳиби 2 нуқра, 3 биринҷӣ, Хатлон 1- соҳиби 3 тилло, 3 нуқра, 6 биринчӣ, Хатлон 2- соҳиби 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд -соҳиби 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ, ВМКБ –соҳиби 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ, шаҳру навоҳии тобеи марказ –соҳиби 5 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ.

Апрель 25, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш