Мусодираи беш аз 65 кг маводи мухаддир
Душанбе, 29 апрел. «АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷараёни 3 амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўйӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон аз қочоқчиён зиёда аз 65 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд.Ба иттилои манбаъ 19 апрели соли ҷорӣ дар ВМКБ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҳудуди деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон Рамихудоев Улуғбек Шукрихудоевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хоруғ боздошт гардид. Номбурда тибқи маслиҳати пешакӣ аз шаҳрвандони ҶИА қариб 3 килограмм маводи мухаддири героин ва гашишро дастрас намуда, мехост онҳоро ба шаҳри Хоруғ интиқол диҳад. Дар маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд, ки сокини ноҳияи Шуғнон Мамадризоев Ҷасур Бахтиёрович дар бозори муштараки «Тем»-и шаҳри Хоруғ бо Фирўз ном сокини деҳаи Дишори улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон созиши ҷиноятӣ анҷом дода, сипас дар минтақаи сарҳадии байни деҳаҳои Возм ва Ёмчи ноҳияи Шуғнон, аз ў бар ивази 10 адад зарфи пластикии дорои машруботи спиртӣ, 385 грамм гашишро қабул намудааст. Зимни амалиёт Мамадризоев Ҷасур дастгир карда шуда, аз ў ин миқдор маводи мухаддир дарёфт гардиданд.Кўшиши дигари интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон аз ҳудуди ҶИА тавассути сарҳади давлатӣ, рўзи 22 апрел дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Қумсангир барбод дода шуд. Дар ҷараёни амалиёт гурўҳи 5-нафараи қочоқчиён ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи задухўрд марзшиканон маҷбур шуданд борро партофта, ба самти Афғонистон паноҳ баранд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи воқеа 61 килою 985 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 3 килограмму 40 грам героин, 58 килограму 295 грамм гашиш ва 65 грамм афюн дарёфт ва мусодира гардиданд.Айни замон аз рўйи ҳодисаҳои номбаршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Маврид ба ёдоварист, ки дар маҷмўъ, аз аввали соли равон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 950 килограмм маводи мухаддирро мусодира намудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






