Н. Маҳмадулоев: «600 ярмаркаи ҷои кор баргузор хоҳем кард»

Апрель 29, 2013 16:45

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – «Дар соли равон мо ният дорем зиёда аз 600 ярмаркаи ҷои кориро дар ҷумҳурӣ барпо намоем», гуфт дар вохӯрӣ ба рӯзноманигорон директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ Нурулло Маҳмадулоев. Н. Маҳмадулоев зикр намуд, ки ҳамчунин мо тасмим гирифтем, ки бо вазорату идораҳо ярмаркаҳои ҷойҳои кори соҳавиро дар минтақаҳо бо ҷалби корфармоён, корхонаву муассисаҳое, ки ба қувваҳои корӣ талабот доранд, роҳандозӣ намоем.Инчунин ӯ гуфт, ки ярмаркаи ҷои кор мувофиқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамасола мувофиқи нақшаи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. «Аз ҷумла, соли гузашта мо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 670 ярмаркаи интихоби ҷои кор баргузор намудем, ки дар натиҷа зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванд бо кор таъмин шуд», — афзуд Н. Маҳмадуллоев.

Апрель 29, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш