Намоиши маҳсулоти нассоҷии Туркманистон
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 10 апрел дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намоишгоҳ — ярмаркаи маҳсулоти саноати нассоҷии Туркманистон баргузор гардид. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид намоишгоҳро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ин чорабинӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон роҳандозӣ мешавад. Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Мерган Шалиев матни табрикномаи Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро қироат намуд. Дар табрикнома гуфта мешавад, ки Туркманистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ҳамкорӣ намуда, муносибатҳои ҳамсоягии некро дар заминаи дастовардҳои таърихӣ ва фарҳангию маданӣ рушду густариш мебахшад. Муносибатҳои дӯстона, ки аз имтиҳони замон гузаштаанд, ҳамчунин умумияти фарҳангу арзишҳои маънавӣ таҳкурсии муҳими рушди самарабахши муносибатҳои байнидавлатӣ ба шумор мераванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






