Нашри тафсири Кодекси гражданӣ
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Китоби тозанашри Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тафсири Кодекси граждании Ҷуумҳурии Тоҷикистон (қисми сеюм) зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ , прфессор Раҳимов М.З ва ҳайати муаллифон барои кормандони мақомоти судӣ , ҳифзи ҳуқуқ, донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва доираи васеи хонандагон таҳия шуда, дар он масъалаҳо оид ба қонунгузории гражданӣ оид ба моликияти зеҳнӣ , мерос ва ҳуқуқӣ байналхалқии хусусӣ бо назардошти талаботи қонунгузори амалкунанда ва таҷрибаи судӣ мавриди шарҳ қарор дода шудааст. Дар сарсухани китоби зикршуда аз ҷумла қайд карда шудааст, ки қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005 қабул шудааст. Бо қабули қисми мазкур бо таври куллӣ мазмуни муносибатҳо оид ба моликияти зеҳнӣ , ҳуқуқи меросӣ , муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва ҳуқуқи граждании дорои унсури хориҷдошта дигаргун гардида , дар ин раванд як қатор қонунҳои соҳавӣ қабул карда шуд, ки танзими муносибатҳои зикршударо таъмин менамояд ва ҳамзамон зарурат ба тафсирро доранд. Дар китоб масъалаҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ тафсир шудаанд, зеро айни ҳол ба масъалаҳои мазкур , ҳангоми ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва рушди ҳукумати электронӣ ахамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳифзи ҳуқуқҳои шахсии эҷодкорон ва ҳуқуқҳои молумулкии онҳо . дар шароити иқтисоди бозорӣ истифода бурдани дастовардҳои илмию эҷодӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ бо таври васеъ шарҳ дода шудааст. Фасли дигари китоб тафсири масъалаҳои вобаста ба меросро дар бар мегирад . Имрӯзҳо баробари масоли дигар соҳаҳо масъалаҳо доир ба мерос дар таҷриба бинобар рушди муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ зиёд шуда истодаанд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад , ки на ҳамавақт ҳуқуқҳои меросхӯрон риоя мегардад, зеро савияи дониши ҳуқукии мардум доир ба ин масъала коста мебошад . Масъалаҳои тартиби васиятнома додан, иҷрои васиятнома , муҳлати кушода шудани мерос, навбати меросхурон , қабул ва даст кашидан аз мерос дар китоби мазкур таҳлил ва тафсир шудааст. Дар фасли дигари китоб бошад, ба масъалаҳои ҳукуқи байналмилалии хусусӣ тафсир дода шудааст, ки масъалаҳои мазкур дар раванди ҷаҳонишавӣ, муомилоти байналмилалӣ ва муносибатҳои сармоягузорӣ ниҳоят муҳим мебошанд. Дар қисмати дигари тафсир муаллифон хусуан ба муносибатҳои шартномавии байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ , ҳифзи ҳуқуқии онҳо , муайян намудани қонунгузории татбиқшаванда дар муносибатҳои байналмилалии хусусӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ изҳори ақида намудаанд. Дар назар аст, ки тафсири мазкур дар Амалия ва татбиқи ҷабҳаҳои гуногуни муносибатҳои зикршуда мавриди истифода қарор гирифта , дар баланд бардоштани ӣ сатҳи маърифтаи ҳуқуқии мутахассисони соҳа ва аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






